​Мубориза бо коррупсия – кафили пешрафт

Дар факултети физикаю техника ҷиҳати татбиқи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораимуқовимат ба коррупсия” чорабинӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо ташабуси кафедраи методикаи таълими физика ба роҳ монда шуд.

Чорабиниро декани факултет дотсент Абдумалик Қаюмзода ифтитоҳ намуда, дар бораи пайомадҳои коррупсия ибрози назар намуд.

Таъкид рафт, ки коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва неку аҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.

Нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоҳқурбониён Беҳруз ва Нуридинзода Комрон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” маърӯза намуданд.

Гуфта шуд, ки асоси ҳукуқии мубориза бо коррупсия аз “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” маншаъ мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷати муҳим имзо гузошта, ба узвияти Конвенсияи СММ пазируфта шуд.

Бо суолу ҷавоб миёни иштирокчиён чорабинӣ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ