Мубориза бо бемориҳои сироятӣ
Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ низ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба бемории сироятии Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) чорабинӣ доир шуд. Ин иқдомро масъулини кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ роҳандозӣ намуданд.
Ҷӯраев Қобилҷон – намоянда аз ташкилоти “Мубориза ба вазъи бемориҳои сироятии Вируси чорасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД)” оид ба роҳҳои пешгирии бемории сироятии Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) маърӯзаи муфассал ва пурмӯҳтаво ироа намуд.
Ҳамзамон, филми кӯтоҳмуддат (ролик) оид ба пешгирии беморӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷом миёни донишҷӯён суолу ҷавоб ва табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил