​Мубориза бар зидди ВМНО дар пасманзари COVID-19

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фаҳангшиносӣ дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мубориза бар зидди ВМНО дар пасманзари COVID-19” баргузор гардид.

Мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Шомирзоев Бахтиёр оид ба ҳадафи ташкили конфронси мазкур сухан карда, дар бораи зарурияти баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён оид ба вируси норасоии масъунияти одам таъкид кард.

Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Хоҷаева Зуфнуна ва мудири шуъбаи арзёбӣ ва ВМНО-и вилояти Суғд Ниёзматова Азизахон оиди пешгирии бемории ВМНО ва роҳҳои сирояти он баромад карданд.

Аз ҷониби мудири кафедраи тиббӣ - биологии донишгоҳ Обидова Мақсадой дар мавзӯи “ВМНО - вабои аср” маърӯза шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бемории вируси норасоии масъунияти одамтавассути оби даҳон ва арақи бадан, бо роҳи дастфишурӣ ва дигар алоқаҳои рӯзмарра, оғӯшгирӣ, сӯҳбат, сулфа/атсазанӣ, тавассути нешзании ҳашарот ва газидани ҳайвонот, тавассути ашёи маишӣ ва молҳои канселярӣ, ҳангоми ташрифи якҷоя ба ҳавзи шиноварӣ, ҳангоми истифодабарӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба шахси солим сироят намекунад.

Мудири кафедраи фарҳангшиносӣ Ҷӯраева Сарвиноз ҳадаф аз чорабинии мазкурро таҳкими дониши тиббии иштирокчиён ва бо ин роҳ пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ унвон намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ