​Муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба ҷамъбасти солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чорабинӣ доир гардид. Ин ташаббус ҷиҳати натиҷагирӣ ва ҷамъбаст аз сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шуд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия профессор Усмонзода Аюбҷон, декани факултет, мудирони кафедраҳо ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ манзур гардида, маҳсули ҳунарҳои донишҷӯён ба намоиш гузошта шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон - ҳамчун сарзамини биҳиштосову доимбаҳор унвон мешавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор устодон ва волидони донишҷӯёни фаъол бо сипосномаи садорати факултет қадршиносӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ