​Муаррифии ҷойҳои тамошобоб

Таҳти унвони “10 top places of interest of Great Britain and Tajikistan” (10 ҷойҳои тамошобоби Бритониёи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз тарафи устодони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ чорабинӣ гузаронида шуд. Ин иқдом дар доираи нақшаи “Ҳафтаи забони англисӣ” ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030” унвон мешавад.

Дар чорабинии мазкур оид ба ҷойҳои тамошобоби Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, саҳнаҳо манзур гардид.

Ҳамзамон, тариқи муаррифинома ҷойҳои зеботарин ва таърихии кишвар нишон дода шуд.

Дар идома дониши донишҷӯён оид ба Бритониёи Кабир бо воситаи бозиҳои гуногун санҷида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ