​Муаррифии китобҳои тозанашри тахассусӣ дар доираи рӯзи дарҳои кушод

Бо ташаббуси Китобхонаи илмии донишгоҳ барои омӯзгорони факултет ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ шуруъ аз санаи 13 январ то 28 рӯзи дарҳои кушод ташкил шуда, дар доираи он номгӯйи китобҳои тозанашр ва тахассусӣ ба намоиш гузошта шуд.

Ин ташаббус бо мақсади ҷалби омӯзгорон ба китобхона, шинос шудан бо номгӯйи китобҳои тозанашр ва бо ин васила тарғиби китобхониву баланд бардоштани сифати таълим роҳандозӣ гардид.

Бино ба иттилои Дилбар Самадова, директори Китобхонаи илмӣ дар доираи ин иқдом дар маҷмуъ 8184 китоб, аз ҷумла дар толори хониш 4887 ва шуъбаи хизматрасонӣ 3317 адад китоб ба намоиш гузошта шуд, ки аз он омӯзгорон дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми рӯзҳои дарҳои кушод 722 нафар омӯзгорон ба Китобхонаи илмии донишгоҳ ташриф оварда, китобҳои тахассусӣ ва дигар анвои китобро дастрас намуданд.

Ҳамзамон, 45 нафар омӯзгороне, ки то имрӯз ба Китобхона аъзо набуданд, маҳз дар доираи ҳамин иқдом аъзо шуда, бо махзан ва шароиту имконоти китобхона огоҳ шуданд.

Интизор меравад, ки ин ташаббус барои кормандони раёсати донишгоҳ низ роҳандозӣ мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ