​Муаррифии китоби дарсии тозанашр бо номи “Мусаввирӣ”

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология ҷиҳати муаррифӣ намудани китоби дарсии нав, ки бо унвони “Мусаввирӣ” интишор шудааст, ҷамъомад сурат гирифт. Ин иқдом бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ роҳандозӣ шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур декани факултет Ҷӯраева Хайриҷон, ноибдекан оид ба илм ва инноватсия Дадобоева Муҳаррам, устодони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ ва донишҷўён иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки китоби дарсии “Мусаввирӣ” бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нашр гардидааст.

Ҳамзамон, мундариҷа ва муҳтавои китоб мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ