​Муаррифии китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ»

Дар факултети санъат муаррифии китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ», ки бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, баргузор гардид. Устоди кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ ба номи профессор Ҳакимов Н.Ғ. – дотсент Худойбердиев Султоналӣ роҳбари лоиҳа ва яке аз муаллифони китоби мазкур буда, мавсуф дар бобати мазмуну муҳтавои он ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки китоби дарсӣ аз 36 фасл иборат буда, мавзуъҳои он фарогири хусусиятҳои фарҳанги миллӣ, инчунин санъати мусиқии ҷаҳонӣ мебошанд. Тарзи нигориши мавзуи китоб хонандаро бо мусиқии халқиву миллии тоҷикӣ ва ҳам жанри мусиқии ҷаҳонӣ, бастакорони маъруфи ҷаҳон, бастакорони тоҷик, маълумот дар бораи жанрҳои маъмули мусиқии ҷаҳониву миллӣ ва ғайра ошно месозад.

Баъдан дар рафти музокира устодони факултет дотсент Аминҷонов Р., Солиҷонов Н., Давлатов Б., Назаров Т. фикру андешаҳои худро ҷиҳати китоби дарсии «Суруд ва мусиқӣ» иброз намуда, чопи китоби мавриди назарро саривақтӣ унвон намуда, ҷиҳати баланд бардоштани саводи мусиқии мактаббачагон муҳим арзёбӣ намуданд.

Маркази иттитлоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ