​Муаррифии ихтисосҳои Донишгоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ҷалби довталабон ба ихтисосҳои амалкардаистодаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сафарбаркунии устодони донишгоҳ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён гирифт.

Зимни мулоқотқ вохӯриҳо устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоти Исмоил ва Исфисор ташриф оварда корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, хонандагонро бо равандҳои фаъолият ва базаи моддиву техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ошно намуданд.

Зимнан ба хатмкунандагон маводи тарғиботӣ, ки дар он роҷеъ ба ихтисосҳои амалкунанда ва базаи моддиву техники Донишгоҳ маълумот дода шудааст тақсим ва дастрас намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ