Муаррифии ихтисосҳои донишгоҳ барои довталабон

Ҷиҳати ҷалби довталабон ба ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва муаррифии дастоварду имкониятҳои донишгоҳ устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба шаҳри Гулистон ва шањракњои ба он тобеъ, аз ҷумла Адрасмон, Консой, Чоруќ-даррон, Сирдарё рафта, бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мулоқот намуданд.

Дар доираи ин вохӯрӣ довталабон аз шароити таҳсил ва сатҳи таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бохабар шуда, сатҳи маълумотнокиашон васеъ гардид.

Бино ба иттилои мудири кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Холдоров Ойбек, чунин мулоқотҳо дар беш аз 15 гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шуда, беш аз ду ҳазор нафар довталабон фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон, устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ба суолҳои довталабон посухҳои муфассал манзур карда, имконият ва шароити таҳсилро дар донишгоҳ муаррифӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ