Муаммоҳои таърих ва этнографияи халқи тоҷик

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати донишгоҳ конференсияи минтақавии илмӣ-амалӣ бахшида ба фаъолияти педагогӣ, илмиву эҷодии доктори илмҳои таърих, профессор Назирҷон Турсунов бо иштироки васеи олимону донишмандон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маорифпарварона ва маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Сарвари донишгоҳ дар идома қайд намуд, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳақиқат барои таҳкими ин мактаби пурифтихори сиёсӣ ҳамеша бо ташаббусҳо ва барномаҳои мушаххасу пурбор ба таври ҳамешагӣ дар баромаду суханрониҳояшон ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати таҳсилот ва ба камол расонидани як насли огоҳ ва ҷавобгў ба талаботи ҷомеаи маданӣ таъкиду супоришҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Анвар Яъқубӣ номаи табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, саҳми профессор Назирҷон Турсуновро дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи таърихнигорӣ, инкишофи илмҳои таърих ва этнографияи тоҷикон, ӯзбекҳо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ намуд.

Сипас, Фирдавс Шарифзода – Расиси шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба фаъолияти густарда, Назирҷон Турсунов ва нақши эшон дар рушди лими таърихнигории тоҷик ибрози назар намуд. Ҳамчунин, Замира Мансури намояндаи КИҲХДТ дар вилояти Суғд доир ба ҳаёт ва фаъолияти пурмаҳсули таърихшиносии соҳибҷашн баёни андеша намуд.

Тибқи барномаи конференсия Ҷамшед Ҷӯразода, доктори илмҳои таърих, профессор, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маҷозӣ дар мавзуи «Донишманди барҷастаи илми тоҷикшиносӣ» баромад намуд. Дар идомаи кори конференсия Кароматулло Олимзода - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Таърихнигори комилиёр», Ҳайдаршо Пирумшоев - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Фотеҳи қуллаҳои таърихи миллат» ва дотсент Ҷўрабек Исоматдинов дар мавзӯи «Устоди хирадманд ва олими пуркор» маърӯза ироа намуданд.

Дар баромадҳо фаъолияти илмиву таълимии профессор Назирҷон Турсунов маврди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ дўстону ҳамкорон, шогирдон ва пайвандони устод соҳибҷашн таманниёташонро иброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ