​Муаммоҳои роҳнамоӣ ва тайёрии касбии омӯзгорони оянда

Дирӯз таҳти ин унвон дар Қасри Фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори факултети муҳандисӣ-омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаи маорифи ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ифтитоҳ намуда, вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳои ҷолиб иброз намуд. Мавсуф дар гузориши худ қайд намуд, ки илм, дониш, маърифат, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Зикр шуд, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мазмуни таҳсилот ба куллӣ тағйир ёфт, балки муассисаҳои таълимӣ ба худ шакл ва мазмуни нав пайдо карда, давра ба давра ба талаботи имрӯза мутобиқ гардонида шуданд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ мувофиқ намудани таҳсилот омӯзишгоҳҳо ва техникумҳо тадриҷан ба коллеҷҳои мустақил ва сохтории муассисаҳои таҳсилоти олӣ табдил дода шуданд.

Сипас, мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Халифазода Насиба Рафиқ оид ба нақши сазовори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии мамлакат бо далелу арқоми мустанад, андешаронӣ намуда, қайд кард, ки дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли инсон марбут аст. Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

ДотсентониДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов Абдуҳаким ва Аҳлиллоев Турдимурод маърӯзаи илмӣ намуда, оид ба ташаккули салоҳияти касбии омӯзгорони оянда дар низоми таҳсилоти олӣ ва тайёрии томактабии олии омӯзгорони оянда андешаҳои муфиди илмӣ баён намуданд. Мудири шуъбаи илми КМО Камолова Мунира оид ба узви муҳими таъмини тайёрии муттасили касби омӯзгорӣ будани коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ маълумоти муфассал дод.

Конференсия дар фазои идонаву муҳокимапардозии муфид вобаста ба арзишмандтарин ҷашнҳои миллату давлати мо баргузор гардида, ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ