​"Муаллими сол-2024": Дарси намунавӣ бо забони англисӣ

Ин навбат дарси намунавӣ дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2024” дар гуруҳи забони таҳсилаш англисӣ дар факултети иқтисодӣ доир гардид. Дарси мазкур аз ҷониби муаллимаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Юнусова Мадина гузаронида шуд.

Дар дарси мазкур донишҷӯёни гуруҳи 202 иштирок намуда, 9 нафар аъзои гурӯҳи корӣ оид ба озмун ҷараёни дарсро назорат ва ба сифати он баҳогузорӣ карданд.

Дарс пурра бо забони англисӣсурат гирифта, дар доираи он донишҷӯён фаъолона ширкат доштанд.

Ба донишҷӯён мавзуи “Хусусиятњои тартиб додани њисоботи муњосибї ва њисоботи андоз” шарҳ дода шуд.

Усулҳои фаъоли таълим, методҳои муосири интерактивӣ, воситаҳои техникӣ аз муваффақияти дарс унвон шуд, ки аз ҷониби омӯзгор самаранок истифода гардид.

Хотиррасон менамоем, ки ин дуюмин дарси намунавӣ дар гуруҳи забони таҳсилаш англисӣ маҳсуб меёбад, ки дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2024” баргузор шуд.

Аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот иттилоъ доданд, ки дарсҳои намунавии довталабони озмун бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ доир мешаванд.

Тафсилоти дарсҳои дигари озмун дар гузоришҳои оянда нашр мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ