​Муаллим равшангари дилҳо ва чароғи маърифат

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бо чунин унвон чорабинӣ доир шуд. Ин иқдомро донишҷӯёни кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар васфи омӯзгор маърӯзаҳо ироа намуда, доир ба нақшу саҳми омӯзгор дар тарбияи ҷавонон ва таҳкими маърифатнокии ҷомеа ибрози назар намуданд.

Қироати шеър дар васфи омӯзгор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва суруд дар иҷрои донишҷӯён ба чорабинӣ мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ