​Мониторинг – кафили таъмини сифати таҳсилот

Намояндагони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо мақсади таъмини сифати баланди таҳсилот мунтазам мониторинг мегузаронанд.

Танҳо давоми соли 2023 аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар 274 гурӯҳи академӣ, аз фанҳои тахассусӣ дар 200 гуруҳи академӣ ва аз фанҳои ҷомеашиносӣ дар 82 гуруҳи академӣ мониторинг доир шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони шуъба дар ин давра, дар маҷмуъ, дар 556 гуруҳи академӣ мониторинги сатҳу сифати таълимро ба роҳ монданд, ки 12182 нафар донишҷӯро фаро гирифт.

Мониторинги сифати таҳсилот дар асоси Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам аз њамаи фанњои тадрисшаванда ба роҳ монда шуда, дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла пурсиши шифоҳӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши тестӣ, иҷрои супоришҳои махсус - эҷодӣ, лоиҳавӣ ва ғайра сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни баргузории мониторинг, пеш аз ҳама, ба омодагии омўзгорон ва донишљўён ба машѓулиятњои таълимї, сатҳу сифати донишазхудкунии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва масъалањои давомот эътибор дода мешавад.

Таҳлили натиҷаи мониторинг имконият медиҳад, ки динамикаи сатҳу сифати таҳсилот ва дараҷаи донишазхудкунии муҳассилин мунтазам пайгирӣ шуда, сатҳи баланди таълим таъмин гардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ