​Моҳияти таълимӣ ва тарбиявии шоҳасари “Тоҷикон”

Таҳти ин унвон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” магистранти бахши дуюм Фарҳод Ҳоҷиев ва донишҷӯи курси сеюм М.Қодирова таассуротҳои худро бобати иштирокашон дар озмун ва роҳҳои истифодаи самараноки китоби “Тоҷикон” дар ҷараёни таълим дар муассисаҳо баён намуданд.

Баъдан бо иштирокдорони мизи мудаввар ба тариқи муаммогузорӣ ва мубоҳиса масъалаҳои моҳияти таълимӣ ва тарбиявии асари Бобоҷон Ғафуров, зарурияти омӯзиши он дар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳои ташкил кардани корҳои беруназсинфӣ дар бобати аҳамияти китоби “Тоҷикон” музокирот гузаронида шуд.

Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллии донишҷӯён ба роҳ монда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ