​Мо зидди зӯроварӣ!

Таҳти чунин унвон бо ибтикори факултети филологияи рус дар доираи Барномаи 16 рӯз алайҳи хушунат бо иштироки мутахассисони соҳа чорабинӣ доир гардид.

Чорабиниро декани факултет дотсент Раъно Шаропова ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо барнома шинос намуд.

Сипас, мушоввири маркази занон “Гулрухсор” баромад карда, қайд намуд, кизӯровари дар оила яке аз масъалаҳои мубрамиҷомеаи муосир ба шумор меравад. Мавсуф перомуни масъалаҳои гендерӣ иброзӣ назар намуда, омилҳои вайроншавии оилаҳо, пешгирӣ ва роҳҳои устуворӣ ва пойдории дар оиларо гуфта гузашт.

Давр идома вобаста ба мавзуи баррасишаванда аз ҷонибидонишҷӯёни факултетисаҳнаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои асосии пешгирии хушунат дар оила муҳим арзёбӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ