​Мо бо ҳомиёни Ватан ифтихор дорем!

Мо бо ҳомиёни Ватан ифтихор дорем!

Таҳти чунин унвон дар толори калони факултети санъат чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва собиқадорони ҷанги Афғонистон ва муҳофизони сохти конуститутсионии Ҷумҳурии Точикистон, намояндаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Нуруллозода ва роҳбари дастгоҳи КИҲХДТ дар вилояти Суғд, Фаррух Зоҳидов доир гардид.

Ректори Донишгох, профессор Усмонзода Аюб Ислом аҳли толорро бо ин ҷашни фархунда табрик гуфта, зикр дошт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шоҳсутунҳои бузурги давлат ва дастоварди замони истиқлол аст, ки имсол аз таъсисёбии он 30 сол пур мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳро яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд, - иброз дошт зимни баромад Усмонзода Аюб.

Сипас, Фирӯза Нуруллозода – муовини Раиси шаҳри Хуҷанд баромад намуда, табрикоти Расиши шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокдорон расонд. Мавсуф афзуд, ки воқеан Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи истиқлолу амният ва озодии мамлакат рисолати сипари боэътимодро бо сарбаландӣ иҷро намуда, новобаста аз он ки бо иқтидору нерӯи камтарин таъсис ёфта буд, имрӯз аз лиҳози техникаву ҳайати шахсӣ ва қудрату имконият торафт ғанӣ мегардад, ки аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои судманди мақомоти олии мамлакат, хосатан роҳбарияти давлату ҳукумат маншаъ мегирад.

Дар идома иштирокчиёни барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва ҷанговарони башардӯст, ғолибони мусобиқаи варзишии волейбол, ки бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, қадршиносӣ гардиданд.

Дар интиҳо устодон ва донишҷӯёни факултети санъат барномаи консертӣ аз асарҳои мусиқии миллиро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ