​Мизи мудаввар

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира дар факултети иқтисодӣ мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи мудаввар донишҷӯёни соли дуюм иштирок намуданд. Мизи мудаввар ба мавзӯи “Терроризм ва экстремизм - падидаи номатлуби замони муосир” бахшида шуд.

Дар доираи ин иқдом донишҷӯён оид ба омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ибрози назар карданд.

Омӯзгор Мунира Ҳоҷиева доир ба мавзӯи меҳварӣ маърӯза намуда, ба донишҷӯён доир ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб маълумот дод.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки зиракиро аз даст надода, дониши сиёсиву ҳуқуқии худро таҳким бахшанд, то ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ нагарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ