​Мизи мудаввар таҳти унвони “Муаммоҳои барномасозии муосир”

Санаи 16-уми феврали соли 2023 дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо ташаббуси кафедраи барномарезӣ дар доираи ҳафати илм мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаммоҳои барномасозии муосир” бо ҷалби мутахассисони пешрафтаи соҳа ташкил ва баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо иштироки раиси бахши техникии ширкати “Zipl.AI” доктор PhD Низомитдинов А.И., дотсент, декани факултети математика Музафаров Д.З. доир гардид.

Масъулин оид ба вазъи кунунии соҳаи барномасозӣ ва муаммоҳои мубрами ин соҳа маълумоти муфид пешкаш намуданд.

Дар муҳокима устодон, магистрантон донишҷӯён оид ба мавзӯи гузошташуда фикру ақидаҳои худро баён намуда, ба як чанд масъалаҳо равшанӣ андохтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ