​Мизи мудаввар: “Шоҳнома”‑и Абулқосим Фирдавсӣ ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи падидаи фарҳанги миллӣ”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа таҳти унвони “Шоҳнома”‑и Абулқосим Фирдавсӣ ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи падидаи фарҳанги миллӣ” мизи мудаввар баргузор шуд.

Мизи мудавварро сардори раёсати илм ва инноватсия дотсент Ромиз Абдуллоев оғоз бахшида, аз арзиши ин шоҳасар ёдовар шуд.

Дар доираи кори мизи мудаввар дотсент Ҳасанова Зебиниссо дар мавзуи “Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун ганҷинаи маънавиёти халқи тоҷику форс”, профессор Атоев Атоулло перомуни “Арзишҳои ахлоқию рамзӣ ва фаҳмиши фалсафии он дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ” ва номзади илмҳои фалсафа Ҳотамова Муҳайё перомуни “Нақши асари “Шоҳнома” дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонони Тоҷикистон” маърузаҳои илмӣ намуданд.

Қайд шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ эҳёи арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии дорои арзишҳои олидошта барои ҷомеа масъалаи муҳим маҳсуб меёбад. Зеро имрӯз раванди дигаргуниҳои олам ва таҳдидҳои замони муосир моро водор месозад, ки нисбат ба таърих, арзишҳои миллӣ ва таълиму тарбия бетараф набошем.

“Тақдими осори гаронбаҳои олам “Шоҳнома” -и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзанда барои халқи тоҷик мебошад. Иқдоми наҷиб имкон медиҳад, ки бо мутолиаи ин ганҷинаи бебаҳо, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ мебошад, ҷаҳонбинии ҷомеа бахусус ҷавонон ташаккул ёфта, арзишҳои миллии худро ҳифз карда тавонанд”- зикр шуд зимни мизи мудаввар.

Бо масъалагузорӣ, таҳлилу баррасӣ, саволу ҷавоб ва баҳсҳоиилмӣ мизи мудаввар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ