​Мизи мудаввар: “Пешвои миллат арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот”

Дар факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дар мавзуи “Пешвои миллат арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот” мизи мудаввар баргузор гардид. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Мизи муддавар бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Дотсенти кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Исломҷон Раҳимов ва сармуаллими кафедраи сиёсатшиносӣ Зилола Комилова дар мавзуи “Пешвои миллат-нигаҳбони сулҳу осоиштагӣ” ва “Пешвои миллат-арбоби барҷаста ва кафили сулҳу субот” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.

Дар идома навори суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 79-уми Маҷмааи умумии СММ барои қабули қатъномаи махсуси СММ дар барои “Даҳсолаи таҳкими сулҳ”, ки ба хотири наслҳои оянда пешниҳод намуданд, намоиш дода шуд.

Мудири кафедра дотсент Тӯраева Гулорохон мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин санаҳои фархунда табрик гуфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ