Мизи мудаввар: “Конститутсия - санади сарнавиштсоз”
Бо иқдоми кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм бахшида ба 30 – солагии ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудаввар бо иштироки донишҷӯёни ихтисосҳои “Экологияи умумӣ”, “Экологияи кишоварзӣ”, “Мониторинги экологӣ. Менеҷмет ва аудит” баргузор шуд. Мудири кафедра дотсент Собиров Мурод чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи аҳамият ва мавқеи Конститутсия ҳамчун нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат ибрози назар намуд.
Муаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ Раҷабов дар мавзуи “Моҳияти таърихиву ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онро дар бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, миллӣ, соҳибистиқлол, дунявӣ ва ягона муҳим унвон намуд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим дотсент Турдиев қайд кард, ки бо таҳаввули ҳаёти ҷомеа муҳтавои арзишҳое, ки барои мардум фазои ҳамкориҳои мусолиҳатомезро фароҳам месозанд, тадриҷан мукаммалу дигаргун мешаванд ва он дар навбати худ зарурати такомули фаъолияти гуногунҷанбаи аъзоёни ҷомеаро тақозо менамоянд.
Ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонуни асосии кишвар ва марҳилаҳои ташаккули он низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил