​Мизи мудаввар: Баррасии сабаб ва пайомадҳои таҳдидҳои муосир

Дар хобгоҳи №9 бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ таҳти унвони “Экстремизм чист? Террорист кист?” мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, сардори шуъбачаи шуъбаи кофтукову ҷиноии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Баҳромзода Ғанишер Баҳром ва муовини раиси Шӯрои уламои дини вилоят Хоҷамир Хоҷамиров иштирок намуданд.

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Шӯҳрат Кӯчибоев ҳадаф аз баргузории мизи мудавварро таҳкими маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва баррасии сабабу пайомадҳои таҳдидҳои муосир унвон намуд.

Професор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ доир ба омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ибрози назар намуда, дар мавриди саҳму тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти решакан намудани терроризму экстремизм дар сатҳи байналмилал ибрози назар намуд.

Пайомад ва хатарҳои фирефташавии ҷавонон зимни маърӯзаи сардори шуъбачаи шуъбаи кофтукову ҷиноии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Баҳромзода Ғанишер Баҳром шарҳ ёфтанд.

Гумроҳшавии ҷавонон бо сабаби надоштани саводи кофии динӣ ва анҷом додани амалҳои ношоиста бо истифода аз номи динро муовини раиси Шӯрои уламои дини вилоят Хоҷамир Хоҷамиров мавриди таҳлил қарор дод.

Бо суолу ҷавоб ва табодули афкор мизи мудаввар ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ