МИЗИ МУДАВВАР БА ИЛМҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ КВАНТӢ БАХШИДА ШУД
Дар Донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Соли байналмилалии илм ва технологияи квантӣ» баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо ташаббуси Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавони Донишгоҳ баргузор шуд.
Мизи мудаввар дар заминаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, ҳадафи он муаррифии дастовардҳои илмҳои квантӣ ва баррасии самтҳои афзалиятноки истифодаи технологияҳои квантӣ ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ омӯзгорони ҷавон, устодони кафедраҳои тахассусӣ ва донишҷӯёни факултетҳои равияи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иштирок намуданд.
Зимни мизи мудаввар масъалаҳои вобаста ба таърихи ташаккули физикаи квантӣ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва имкониятҳои истифодаи технологияҳои квантӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён доир ба дурнамои рушди илмҳои квантӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисоди рақамӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки баргузории чунин мизҳои мудаввар ба таҳкими муҳити илмӣ, болоравии сатҳи дониши омӯзгорони ҷавон ва фаъол гардондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд. Мизи мудаввар бо натиҷаҳои мусбати омӯзишӣ анҷом ёфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил