​Мизи мудаввар: Ҳаёт бе хушунат зебост

Таҳти ин унвон бо иқдоми кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқ дар доираи маъракаи умумиҷаҳонии «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин чорабинӣ равоншинос Шӯҳрат Ибрагимов даъват шуда, доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат намуданд.

Раиси бонувони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова доир ба ҳадаф ва таърихи маъракаи умумиҷаҳонии «16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон» маълумот дод.

Перомуни намудҳои хушунат, сабабҳои сар задани он ва роҳҳои пеш гирифтани ин зуҳуроти номатлуб равоншинос Шӯҳрат Ибрагимов суханронӣ намуд.

Гулорохон Тураева, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ таъкид намуд, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлати пешгирии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ба роҳ монда шуда, дар ин самт силсилаи чорабиниҳо идома доранд.

Бо муҳокима ва суолу ҷавоб миёни иштирокчиён мизи мудаввар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ