​Мизи гирд: Тоҷикона либос мепӯшем

Имрӯз бо иштироки намояндаи кор бо занон ва бонувони шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо донишҷӯдухтарон ва аъзои Шӯрои занон ва бонувони факултети забонҳои шарқ мизи гирд баргузор гардид.

Раиси шӯрои занон ва бонувони факултет Назира Шамсидинова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба вазъи иҷрои қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” гузориш дод.

Сипас, Нодира Мирзозода - намояндаи шуъбаи тарбия таъкид намуданд, ки либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург мебозад. Дастурамали либосҳои тавсиявии донишгоҳ дар замири донишҷӯён ҳисси зебогӣ, тозагӣ, иффат ва хулқу атвори онҳоро нишон медиҳад. р эмин нигоҳ медоранд.

Дар ҷамъбаст иштирокдорон ба музокира баромада, зикр доштанд, дар баробари ба бар намудани либосҳои тавсиявӣ дар ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги миллӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ