Мизи гирд: Пешвои миллат ва сиёсати забон

Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети муҳандисӣ-омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи гирд дар мавзуи “Пешвои миллат ва сиёсати забон” баргузор гардид, ки дар он мушовири ректор, номзади илмҳои филологӣ, дотсет Маҳмадшо Маҳмадшоев ва устодони факултет ширкат варзиданд.

Нахуст мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ, дотсент Шоира Ҳакимовароҷеъ ба мақоми забон дар ҷомеа аз нигоҳи Президенти кишварсуханронӣ намуда, қайд намуд, ки назари Пешвои миллат ба масоили забон густурда буда, ба мавзуъҳои гуногуни рушди он дахл дорад. Гуфта шуд, ки офаранда ва нигаҳбони забон халқ аст. Аммо дар рушду пойдории он шахсиятҳои фарҳангӣ, аз қабили шоиру нависандагону олимон ва чеҳраҳои сиёсӣ саҳм мегузоранд.

Сипас, декани факултет, дотсент Неъматзода Муқаддас маърӯза намуда, афзуд, ки масъалаи забон аз нигоҳи Пешвои миллат на фақат падидаи фарҳангист, балки дар навбати аввал масъалаи муҳими сиёсию давлатист. Бинобар он дар ҳалли масъалаи забон, пеш аз ҳама давлат манфиатдор аст, чунки мафҳумҳои миллат ва давлату забон тавъаманд.

Номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҳмадшо Маҳмадшоев аз бузургдошти забон ва эҳтироми он ҳарф зада, қайд намуд, ки забон хоси инсон буда, маҳз ба воситаи он афкор мукаммал ифода меёбад. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Зикр шуд, ки халқи тоҷик зиёда аз ҳазор сол инҷониб бо забони ноби тоҷикӣ сухан карда, фарҳанги арзишманди хешро аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Забон бозгӯкунандаи миллат, пешбарандаи давлат, инчунин, асоси ҳастии Ватан буда, ифтихор ва номус мост.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин дотсентон Қаюмова Фирӯза, Баҳриев Файзулло ва Мамадҷонов Самеъҷон мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷом номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев бори дигар меҳмононро пазироӣ намуда афзуд, ки забон нишона аз миллати соҳибзабону соҳибмақом аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ