Мизи гирд: ​Муносибати бо салоҳият ба таълим

Дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик бо иштироки магистрантони курси якум ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик мизи мудаввар таҳти унвони “Муносибати бо салоҳият ба таълим ва мушкилоти тадриси фанни адабиёти тоҷик”доир гардид.

Чорабиниро декани факултети филологияи тоҷик профессор Замирахон Ӯлмасова ифтитоҳ намуда, мавзуи баррасишавандаро муҳим арзёбӣ намуда, ташкилу баргузории чунин тадбирҳои шоиста таҳсин унвон кард.

Дар мизи гирд масъалаҳои ташаккули салоҳиятнокии хонандагон дар дарсҳои адабиёти тоҷик, усули таълим – роҳ ба махзани мероси адабиёти тоҷик, усулҳои муосири таълими адабиёти тоҷик, усулҳои фаъоли таълим ва таҳлили осори манзум, маърифати шеър ва низоми салоҳиятнокии таълим, истифодаи воситаҳои муосири дар таҳлли ғазал ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар охир дотсент Шоира Ҳакимова - мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ва дотсент Мирзоҳабиб Аҳмадов суханронӣ намуда, роҷеъ ба гузориши магистрантон фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ