​Мизи гирд: Масъалаҳои таснифи илми фарҳангшиносӣ дар замони муосир

Дирӯз дар толори раёсатиДонишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣмизи мудаввар таҳти унвони“Масъалаҳои таснифи илми фарҳангшиносӣ дар замони муосир”бо иштироки Муҳаммадалӣ Музаффарӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,директори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом чорабиниро оғоз бахшида, аз ҳадафҳои он ёдовар шуд.

Баъдан профессор Муҳаммадалӣ Музаффарӣ масъалаҳои таснифоти илмҳои фалсафӣ, рушду нумуи илми фарҳангшиносӣ, аҳаммияти илми фалсафа дар пешрафтиилму фарҳанги замони муосир,шуроҳоидиссертатсионии ватаниву хориҷии соҳаи фалсафаро мавриди таҳлилу баррасии густарда қарор дод.

Дар идома миёни иштирокчиён, ки асосан омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ, фалсафаву сиёсатшиносӣ буданд, роҷеъ ба мавзуи масъалаҳои таснифи илми фарҳангшиносӣ дар замони муосир мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид рафт, ки ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ баҳри тарбияи магистрантону аспирантон ва унвонҷӯён докторантон нақши бориз хоҳад гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ