​Методологияи тадқиқоти илмӣ-иқтисодӣ

Таҳти унвони “Методологияи тадқиқоти илмӣ-иқтисодӣ” бо аъзои Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон семинари методии навбатӣ доир гардид.

Семинари мазкур дар факултети иқтисодӣ баргузор шуд.

Ҷонишини мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, роҳбари Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон дотсент Ҳусейнова Мавзуна семинарро ифтитоҳ бахшида, ин ташаббусро барои пешбурди фаъолияти таълимиву илмии омӯзгорони ҷавон муфид унвон намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семинар доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Алиҷонов Ҷамшед оид ба зинаҳои асосии методологияи таҳқиқоти иқтисодӣ, асосҳои илмии он ва маҳорати касбӣ дар фаъолияти педагогии омӯзгорони ҷавон маълумот дод.

Ҳамзамон, ҳисоботи аъзои Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавон, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ Исломова шунида шуд.

Дар фарҷоми семинар изҳори умед шуд, ки омӯзгорони ҷавон аз ташаббусҳои Ассотсиатсия судманд истифода намуда, дар самти таҳкими маҳорати илмӣ-педагогии хеш тамоми дониш ва кӯшиши худро равона менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ