​Меҳрпарварон

Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабини адабӣ – фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 90-солагии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ мудири шуъбаи тарбия Бахтиёр Маҳмудзода баромад намуда, кулли иштирокдоронро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ табрик намуд. Қайд гардид, ки донишгоҳ имрӯз ба як маркази пуриқтидори илмиву касбӣ ва муассисаи бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Дар идома, сармуаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Муҳаррам Раҳимова дар мавзуи“Дирӯзу имрӯзи равоншиносӣ”, хатмкардаи аввалини ихтисоси таҳсилоти томактабӣ, номзади илмҳои педагогӣ Дилрабо Каримова дар мавзуи “Аввалин хатмкунанда – аввалин қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон”, муаллимаи кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ Раънохон Ҳоҷибоева дар мавзуи “Касби пуршарафи ман”, мушовир-психологи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мафтуна Саидматова бо маърӯзаи “Меҳрафзун аст-касбам” баромад намуданд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии пешкашгардида ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ