​Меҳргон куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод

Таҳти ин унвон бахшида ба таҷлили Иди "Меҳргон" дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм мизи мудаввар бо иштроки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабини устодон, донишҷӯён ва омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ширкат намуданд.

Нахуст, дар ин тадбир иштирокчиён аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар даромадгоҳи толори факултет ташкил шуда буд, дидан намуданд.

Сипас, дар мизи гирд перомуни таърихи пайдоиши Иди Меҳргон маърӯза аз ҷониби устоди кафедраи фалсафа М Султонзода ироа гардид. Зикр шуд, ки Меҳргон яке аз калонтарин ҷашнҳои мардуми Ориёнажод буда, воқеан ҳам ҷашни мардумӣ ва маҳбубияти он аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст.

Дар баромадҳо таъкид шуд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассуми суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд ва ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ