​Меҳргон - иди хайру эҳсон

Таҳти ин унвон дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бо ташаббуси кафедраи табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими он чорабинии илмӣ -адабӣ доир гардид.

Ин ташаббус ба муносибати ҷашни Меҳргон, 90 солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориённажод буда, ниёгонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббат, ойини меҳанпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёнидани марди деҳқон, иди фаровониву шодию нишот, дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагиву меҳру садоқат маҳсуб меёбад.

Ироаи маърӯза, гуфтор ва шеър, намоиши саҳна, ки аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултет ба роҳ монда шуд, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ