​Меҳргон – ҷашни миллӣ

Бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ба муносибати ҷашни Меҳргон дар факултети забонҳои шарқ чорабинӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни соли дуюм иштирок намуданд.

Як қатор устодони кафедра дар бораи таъриху моҳияти ҷашни Меҳргон маърӯзаҳо ироа карда, аз нақшу ҷойгоҳи ин ҷашни миллӣ таъкид намуданд.

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни қадимаи аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад.

Дар идома мудири кафедра профессор Атоулло Атоев доир ба мақоми ҷашни Меҳргон дар ҳаёти моддию маънавии мардум ибрози назар намуд.

Аз ҷониби донишҷӯён маърӯза, шеър бо забонҳои гуногун ва саҳначаҳои ҷолиб манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ