​Мавқеи сурудҳои занона дар мусиқии суннатии миллӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои ҳафтаи илм дар факултети санъат бо иштироки устодони кафедраи мусиқии суннатии тоҷик маҳфили илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мавқеи сурудҳои занона дар мусиқии суннатии миллӣ» баргузор гардид.

Дар маҳфил маводи ҷамъоварӣ намудаи сурудҳои занона вобаста ба минтақаҳои кишварамон аз ҷониби сармуаллими кафедраи мусиқии тоҷик Сорбон Норбадалов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мавсуф доир ба натиҷаи ҷустуҷў ва ковишҳои илмӣ дар мисоли маҷмўаҳо «Даҳ бадеҳа», «Сурудҳои занона», ки фарогири матни сурудҳои фолклории халқи тоҷик бо забонҳои тоҷикиву англисӣ, нотаи сурудҳои мазкур ва инчунин сабти аудио-видеоӣ аз нашр баромад маълумот дод. Қайд гардид, ки сурудҳои мазкур дар иҷрои ҳофизони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ба навор гирифта шуданд, ки сурудҳои занонаи яғнобиву бадахшонӣ низ шомили ин маҷмўа гардиданд.

Сипас аз ҷониби устодони факултет дар атрофи масъалаи ироашуда, саволу ҷавоб доир гардид. Пешниҳод шуд, ки минбаъд аз ҷониби устодон ва донишҷўён ҷамъоварии маводҳои фолклорӣ (суруду тарона, ашўлаву рубоӣ), дар мисоли таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ