Мавқеи ҷавонон дар ҷомеа
Перомуни ин мавзуъ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ бо донишҷӯёни соли дуюми факултети математика ҷамъомад сурат гирифт.
Сармуаллими кафедра Ӯлмасова Мавзуна дар бораи ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир таъкид намуда, аз мақому мавқеи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат зикр намуд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми арзанда дошта, ояндаи ин миллату давлат маҳсуб меёбанд.
Ҳамзамон, донишҷӯён доир ба имконоту имтиёзҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ибрози назар намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил