Машварати кории видеоӣ бо донишгоҳи Алтай

Дирӯз машварати кории видеоӣ миёни намояндагони донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи ФР, ВМИҶТ, МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров” ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба масъалаи ташкили фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо ва рушди забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ровобити муштараки Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин макотиби олӣ ва касбиву миёнаи кишвар бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия рўз то рўз густариш пайдо намуда, дар татбиқи шартномаҳои тарафайн ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таълимӣ ва инкишоф додани соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар машварати кории видеоии мазкур ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷуразода, перомуни тартиби интихоб ва таъини директорони мактабҳои навтаъсиси русӣ дар Тоҷикистон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки баррасии масъалаи мазкур яъне дар сатҳи баланд ба роҳ мондани раванди фаъолияти кадрҳо аз муҳимтарин корҳо маҳсуб мешавад.

Зимни машврат ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай, роҳбари лоиҳа И.Р. Лазаренко дар бораи ҳамоҳангсозии рӯйхати омӯзгорон ва донишҷӯён дар доираи санҷиш, мӯҳлати пешниҳоди онҳо ва омодасозии заминаи моддӣ барои санҷиш ҳамчунин ҷадвали ташрифи гурӯҳҳои кории FGBOU VO "AltGPU" ва FGBOU VO "RGPU im. А.И. Герцен ба Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, муҳимяти масъалаи мазкурро ба миён гузошт.

Ҳамчунин муовини ректори донишгоҳи мазкур С.П. Волохов оид ба иҷрои фармоиши омодасозии мавод ва шаҳодатномаҳои иттилоотӣ баромад намуд. Доир ба афзалиятнокии таъсиси Марказҳои таълимӣ бо забони русӣМ.С. Неболсина изҳори назар карда, аҳамият ва ташкили марказҳои мазкурро саривақтӣ шумурд.

Машварати кории видеоии дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардида, масъалаҳои мушаххас мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гузаронидани чунин машваратҳои видеоиро минбаъд низ ба роҳ монанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ