Машварати илмӣ дар факултети таҳсилоти ғоибона

Бо ташаббуси кафедраи педагогӣ ва табиию риёзии факултети таҳсилоти ғоибона дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи илмсеминари илмӣ дар мавзӯи “Моделонии ташаккули салоҳияти тадқиқотии омӯзгорони оянда дар низоми таҳсилоти олӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар муовини декан оид ба илм ва инноватсия, дотсент Баҳриев Файзулло, муовини декан оид ба таълим, дотсент Неъматова Муқаддасхон, дотсентон Аҳлиллоев Турдимурод, Қаюмова Фирӯзахон,Раҳимов Абдураҳмон, Элмурод Бобоев ва куллидонишҷӯёни ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, томактабӣ -равоншиносии амалӣ ва забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуданд.

Нахуст номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муқаддасхон Неъматова машваратро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки муносибат ва арзишҳои низоми салоҳиятнокӣ дар донишҷӯён зарурати ташаккули намудҳои гуногуни салоҳиятҳо, аз ҷумла мустақилона ба даст овардани иттилооти нав, муайян намудани сохтори он барои ҳалли мақсадҳои мушаххас, пешниҳоди фарзияҳо ва ҳалли масъалаҳои амалӣ ва иҷтимоӣ мустақилона таҳия намудани хулосаҳоро таъмин мекунад. Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Аҳлиллоев Турдимуроддар мавзӯи “Ташаккули салоҳияти тадқиқотии омӯзгорони оянда дар низоми таҳсилоти олӣ” маърӯза ироа намуд. Қайд шуд, ки салоҳияти тадқиқотӣ ҷузъи муҳими тайёрии касбии мутахассиси оянда буда, ба ибораи дигар, дар ташаккули салоҳияти касбӣ мавқеи калидӣ дорад. Омӯзгори оянда дорои дониш, малака ва маҳорати таҳқиқотӣ, тафаккури фаъолона ва мустақилона, эҷодкорона ҳалли масъалаҳои гуногун дошта метавонад, раванди таълимро дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи муосир ташкил намояд.

Баъдан донишҷӯён мубодилаи афкор намуда, андешаҳои хешро оиди мавзӯи мазкур баён намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ