​Масъулияти навбатӣ муборак, муҳтарам Ҷамшед Ҷӯразода!

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба вазифаи муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин бора имрӯз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон судур гардидааст.

Ҷамшед Ҷӯразода то имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд ва дар ин вазифа давоми панҷ соли охир фаъолият дошт.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми роҳбарии профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба як қатор муваффақиятҳои арзишманд ноил гардида, дар ин давра дар донишгоҳ сатҳу сифати таълим баланд гардид, ки шоистаи таъкид аст.

Аз ҷумла, таҳти роҳбарии мавсуф силсилаи ташаббусҳои судманд дар мисоли дар се зинаи аввал қарор гирифтани донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, таъсиси факултетҳои нави филологияи ӯзбек, психология ва таҳсилоти томактабӣ, кафедраҳои фарҳангшиносӣ, таъсиси лабораторияҳо ва ихтисосҳои наву замонавӣ, таҳияи стандартҳои давлатии таълимӣ ва қариб 2000 барномаи таълимӣ, таҳия ва амалӣ сохтани “Консепсияи рушди сифати таҳсилот барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи таҳкими кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030”, таҳия ва инъикоси 9 барномаи нави телевизионӣ дар ВАО, бо гармӣ-буғхона таъмин намудани биноҳои таълимии №1 ва №2, сохтмон ва таъмиру барқарорсозии иншоот ва биноҳои таълимии донишгоҳ, таъсиси маҳфилҳои илмӣ ва таҳлилӣ-иттилоотӣ, гурӯҳҳои забони таҳсилашон русӣ ва англисӣ, шартномаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва ғайра рӯйи кор омаданд.

Давоми панҷсолаи охир 13 рисолаи докторӣ, 132 рисолаи номзадии устодон ба дифоъ расида, беш аз 650 номгӯ асару дастурҳо ба нашр расиданд, ки натиҷаи меҳнату талош ва заҳмати ҷомеаи донишгоҳ таҳти роҳбарии профессор Ҷамшед Ҷӯразода унвон мешавад.

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразодаро ҷиҳати таъйин шудан ба вазифаи нав ва масъулияти баланд самимона табрик гуфта, дар иҷрои рисолати касбӣ барору дастовардҳои нодир таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ