​Мастер-класс: Инъикоси образи модар дар санъати ҳайкалтарошӣ

Дар толори хурди факултети санъат дар ҳошияи чорабиниҳои ҳафтаи илм бо ибтикори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ мастер-класс дар мавзўи «Инъикоси образи модар дар санъати ҳайкалтарошӣ» доир гардид. Профессори кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ Ғафурҷон Ҷўраев, ки худ бевосита муаллифи муҷассамаи «Дуои модар» дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд мебошанд, доир ба масъалаи офариниши образи мазкур сухан ронда, бурду бохти санъати ҳайкалтарошӣ дар замони истиқлолият гуфта гузашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ