​Машғулияти санҷишии таҷрибаомӯз

Як гурӯҳ донишҷӯёни курси 4-уми факултети забонҳои хориҷӣ ба МДТ “Мактаби хонандагониболаёқати шаҳри Хуҷанд” ба таҷрибаомӯзӣ фарогирифта шуда, дарсҳои санҷишии худро ташкилу баргузор намуда истодаанд. Аз ҷумла, таҷрибаомӯз-донишҷӯ Хуршеда Юлдошова дар мавзуи “The British Isles” барои хонандагони синфи 7 баргузор намуд.

Мақсади асосии дарс инкишоф додани нутқи шифохии хонандагон оид ба ҷазираҳои Бритониё ва инкишофи дониши онҳо оид ба мамлакатҳои хориҷа маънидод шуд. Дар давоми машғулияти санҷишӣ 8 лаҳзаи дарси забони англисӣ пурра гузаронида шуд. Таҷрибаомӯз тавонист дар раванди машғулият бо истифода аз аёниятҳои зиёд диққати хонандагонро ба дарс ҷалб намоянд.

Дар интиҳо мушовир ва психологоиди дарс фикру андешаҳои худро баён намуда, ба таҷрибаомӯз ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронида машғулият якчанд маслиҳатҳои муфиди методӣ доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ