​Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ

Дар маҷлисгоҳи факултети филологияи руси ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо ташаббуси кафедраҳои забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти рус конференсияи илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои муҳими омӯзишу тадриси забони русӣ дар шароити рушди инноватсионӣ” бахшида ба ҳафтаи илм дар факултет бо иштирки декани факултет дотсент Раъно Шаропова, муовини деан оид ба илм ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.

Ба кори конференсия дотсент Раъно Шаропова ҳусни ифтитоҳ бахшида, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар раванди ҷаҳонишавӣ ва барохурди тамаддунҳо талаботи замон арзёбӣ кард.

Мувофиқи барномаи конференсия шаш маърӯза дар масъалаҳои муҳими забоншиносӣ шунида шуд. Зимнан роҳу методҳои гуногун ҷалб намудани хонандагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешниҳод гардиданд.

Дар баромадҳо қайд шуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҷаҳони муосир ба хонанда имкон медиҳад, ки оид ба мавзуъҳои мухталиф маълумоти бештар ба даст орад.

Конференсия аз рӯи бахшҳои услубиёт ва маданияти нутқ дар забоншиносии муосир ва тадбиқи амалияи забонӣ, тафсири забони русӣ аз нуқтаи назарӣ-тартибӣ, системавӣ, методикаи таълими забон ва адабиёти рус, забони русӣ дар замони муосир ва масъалаҳои мубрами назарияи адабиёт ба кори худ идома бахшид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум аз рўи барнома 48 маърӯзаи устодону донишҷӯён дар бахшҳои конференсия ироа гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ