​Маърифати забономӯзии донишҷӯён боло меравад

Ҷиҳати иҷроиш ва дар амал татбиқнамудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дар факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров озмун дар доираи “Ҳафтаи забони русӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмун донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои мухталифи факултет иштирок намуданд.

Дар доираи озмун, конфренсия,конкурсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ таҳти унвони “Таджикистан моя любимая страна” гузаронида шуда, дар ҷамъбаст ғолибон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.

Гуфта шуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати забономӯзии донишҷӯён ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ онҳо мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ