​Маърифати илмии донишҷӯён боло меравад

Бо мақсади баланд бардоштани салоҳияти касбии донишҷӯён вобаста ба пешрафти техника ва технология истифодаи методҳои муосири таълим маҳфили “мактабшиносӣ”-и назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид.

Донишҷӯён баъд аз ба итмом расонидани раванди таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ таассуроти худро таҳлил намуда, дар мавзуи “Роҳҳои гузаронидани дарси муосир” (дар мисоли таҷрибаомӯзии педагогӣ) маърӯза намуданд. Иштирокчиён перомуни мавзуи баррасишаванда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, дар раванди дарсҳои таърих ва ҳуқуқ усули интерактивӣ, зиг-заг, кластерро аз методҳои фаъоли таълим унвон намуданд.

Дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки баргузории маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани маърифати илммӣ, равиши навиштани маърӯза ва корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ