Марҳамат ба курси ройгони омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ!

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани омўзгорони соҳибунвон ва донишҷўёни лаёқатманд ба барномаҳои байналмилалӣ ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ, мавзўҳои буҷавӣ ва грантҳои дохиливу байналмилалӣ дар назди шуъба курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ ташкил шудааст. Тайи 2 сол аст, ки омўзгорону донишҷўён дар ин курсҳо ширкат варзида, соҳиби дониш ва шаҳодатномаҳои хатм гардидаанд.

Дарсҳоро омўзгорони соҳибҷрибаи факултети забонҳои хориҷӣ ва филологияи руси донишгоҳ бо усулҳои нави таълимӣ дар ҳаҷми 50 соат мегузаронанд.

Даври навбатии омўзиши забони англисӣ ва русӣ аз санаи 15-уми феврали соли 2019 ба нақша гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, хоҳишмандон метавонанд ба садорати факултетҳои забонҳои хориҷӣ ва филологияи рус муроҷиат намоянд.

Курси мазкур барои идомаи зинаҳои минбаъдаи омўзишии забони англисӣ ва ҳам барои хоҳишмандон аз зинаи ибтидоӣ пешбинӣ шудааст.

Барои маълумоти бештар метавонед ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ утоқи 217 ё тавассуи телефонҳои +992928314267 +992928901117 муроҷиат намоед.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии МДТ«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ