​Маҳорати педагогии таҷрибаомӯзон сайқал меёбад

Донишҷӯёни курси чоруми шуъбаи фосилавии ихтисоси технология мутобиқиНизомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи таълимӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд.

Донишҷӯён дар ҳайати ду гуруҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равона шудаанд.

Дар ҳафтаи аввал аз тарафи роҳбар - методист ба таҷрибаомӯзон гуруҳҳо вобаста карда шуда, инчунин гӯшаи таҷрибаомӯзӣ низ омода гардид.

Аз тарафи таҷрибаомӯзон бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ машғулиятҳо гузаронида шуда, ба хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) тарзи дурусти омода намудани маҳсулоти қаннодӣ, интихоби дурусти маҳсулот барои омода кардани маҳсулоти қаннодӣ, риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои амалӣ фаҳмонида мешавад.

Интизор меравад, ки таҷрибаомӯзии донишҷӯён то санаи 29 октябри соли 2022 давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ