​Маҳорати касбии донишҷӯён боло меравад

Дар озмоишгоҳи факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилооти бо иштироки мутахассисони ширкати АНТ, омӯзгорон ва донишҷуён намоиши васеъи имконоти таҷҳизоти муосир барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои моҳворавӣ баргузор гардид.

Дар рафти намоиш аз ҷониби мутахассисони ширкати АНТ Манучеҳр Қурбонов ва Акмалҷон Маҳкамов ба донишҷӯён қоидаҳои васлу насби қабулкунандаи моҳворавӣ, ресивер ва корти дастрасии шартӣ нишон дода шуд. Ҳамчунин миёни иштирокчиён ва намояндагони ширкати саволу ҷавоб сурат гирифт.

Васлу насб ва шиносои бо таҷҳизоти муосир баҳри баланд бардоштани савияи касбии донишҷӯён заминаи муосид мегузорад.

Намояндагони ширкат зимни чорабинӣ қайд намуданд, ки донишҷӯён бо аз худ кардани қоидаҳои насбкунии таҷҳизотҳои мазкур, метавонанд пас аз дарс дар ширкат бо кор таъмин шаванд.

Бурҳонзода Сомон Исмат,

аъзои маҳфили «Тулӯи эҷод»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ