Ман оянда омӯзгор
Дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ дар доираи ҳафтаи илм бо ибтикори кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ таҳти унвони "Ман оянда омӯзгор" маҳфил баргузор гардид.
Декани факултети таърих ва ҳуқуқ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳим нишастро ифтитоҳ бахшид.
Мувофиқи барнома як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби донишҷӯи курси чорум Устобобоева Ситора дар мавзӯи "Мақоми омӯзгор дар ҷомеа" маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа шуд.
Дар идома байни ду даста - "Дониш" (гурӯҳи 303) ва "Омӯзгорони ҷавон" (гурӯҳи 304) викторина оғоз шуд. Донишҷӯён аз рӯйи шартҳо донишу маҳорати худро нишон доданд.
Иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо қадр шуданд.
Сафаралӣ Сангинов,
аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"