​Маликаи Наврӯзӣ ва беҳтарин гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ муайян гардид

Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар факултети таърих ва ҳуқуқ як қатор чорабинӣ доир гардид. Дар доираи чунин ташаббусҳо, аз ҷумла, озмуни “Маликаи Наврӯзӣ ва беҳтарин гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

Озмунро декани факултети таърих ва ҳуқуқ дотсент Ҷабборов Иброҳим ифтитоҳ намуда, афзуд ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои таърихии ниёгони тоҷикон буда, асолати таърихии хешро то имрӯз гум накардааст ва ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Озмун аз рӯи шартҳои муайян, дар шакли гурӯҳӣҷараён гирифта, ҳайати ҳакамон аз ҳисоби устодони факултет таъсис дода шуд.

Дар озмун донишҷӯёни факултет фаъолона ширкат варзида, қобилияти сурудхонӣ, маҳорати пазандагии таомҳои миллӣва дӯхти либосҳои миллиро нишон доданд.

Ба озмун суруду таронаҳои халқӣ ва рақсҳои миллии тоҷикона ҳусни тоза бахшид.

Ғолибон бо диплом ва сипосномаҳои садорати факултет сарфароз гардиданд.


Ҷонибек Турсунов,

аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ